- фатво
- (фатвӣ)[فتوا // فتوي]а1. ҳукми шаръӣ, санади навиштаи муфтӣ доир ба ягон масъалаи динӣ ё мурофиа дар асоси аҳкоми шариат; фатво баровардан (додан, навиштан) райъ додан ва асоси шаръӣ нишон додани муфтӣ ва мутасаддии аҳкоми шариат оид ба ягон масъала ё мурофиа; фатво пурсидан (ё хостан) доир ба масъалае райъ ва ҳукми шаръӣ пурсидан аз муфтӣ2. маҷ. иҷозат, рухсат, раъю фикр
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.